• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОНФРОНС: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ
КОНФРОНС: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

Ба муносибати солгарди навбатии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-пояи сулҳ ва заминаи пешрафти миллат” баргузор шуд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода устодон ва донишҷӯёнро бо фарорасии ҷашни умумимиллии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки басо рамзист, ки тантанаҳои Рўзи ваҳдати миллӣ имсол бо тадбирҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар таҳкиму тарғиби сиёсати инсонпарварона ва ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам такони нав мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Рўзи ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кўҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рў, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Ваҳдати миллӣ афроди миллатро муттаҳиду нерўҳои зеҳниву ҷисмонии онҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад.
Воқеан ҳам, ин ҳуҷҷат сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ воқеан ҳам, санаи тақдирсоз ва саодатофарин, оғози созандагиҳои бузург дар Тоҷикистони навин аст. Барои мо ифтихори бузург аст, ки сулҳи тоҷикон ҳанўз ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи омўзиш қарор дорад ва кишварҳои ҷаҳон аз ин сабақи таърихии тоҷикон пайравӣ мекунанд.
Сипас, филми ҳуҷҷатӣ доир ба таърихи Ваҳдати миллӣ ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамъии миллат ва рушду тараққиёти давлат намоиш дода шуд. Дар ҷараёни кори конфронс, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, собиқадори меҳнат Бойпоччо Фатҳиддинов ва мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ Муҳайё Ҳотамова дар бораи таърихи Ваҳдати миллӣ ва роҳҳои ташаккули давлатдории миллӣ дар солҳои Истиқлолият маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид шуд, ки Ваҳдат пойдевори ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Албатта бо имрӯз шаҳрвандони мо даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз хотираҳо фаромуш накарда, арзиши ваҳдату бародариро хеле болову воло медонанд.
Муҳимтарин ва бузургтарин дастовард барои Ваҳдати тоҷикон ин Иҷлосияи 16-ум мебошад, ки волоияти қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳал кардани масъалаҳои муҳими сиёсӣ аз он шуруъ гардидааст. Дар нахустин баромади хеш Раиси вақти Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, ки то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз даст меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард”.
Ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзуҳои дар пеши худ гузоштаамон сабабгор мегардад. Ваҳдат, сулҳ чӣ калимаҳои муқадасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳонанд.
Инак дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукумрон аст. Мо шукри ин неъмати ба даст овардаро карда бояд аз сидқи дил хонем, омӯзем ва дар пешрафту тарақии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем.
Сипас аз тарафи Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ва раёсати донишкада ба як қатор фаъолон ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 19

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 25.06.2026
АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ НАМОЕМ
АРЗИШҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ НАМОЕМ
  • 25.06.2026
КОНФРОНС: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ
КОНФРОНС: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены